Open Data Initiative Tajikistan Menu

Permalink:

МОҲИЯТИ МАЪЛУМОТИ КУШОДА ДАР РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

inБез рубрики
Leave a comment

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» (ТШСИ) дар ҳамшарикии «Институти инъикосӣ ҷанг ва сулҳ» (IWPR) аз 01 то 06 апрели соли 2016 тренинг дар мавзӯъи «Моҳияти маълумоти кушода дар рушди хизматрасониҳои электронӣ» -ро дар истироҳатгоҳи «Баҳористон»-и ш. Суғд баргузор намуда истодааст.

Ҳадафи чорабинӣ таҳкими тавонмандии кормандони давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бащри истифодаи самараноки маълумоти кушода дар рушди хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Дар раванди тренинг иштирокчиён таҷрибаи ватании хизматрасониҳои электрониро баррасӣ намуда омилҳои бобарори рушди ҳукумати электрониро арзёбӣ менамоянд.

Тренингро мутаххасисони ватанӣ аз рӯи мавзӯъҳои зерин пеш мебаранд:
1. Асосҳои ҳуқуқии маълумоти кушода дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Нақши маълумоти кушода дар таҳкими Ҳукумати электронӣ
3. Технологияҳои кушода барои визуализатсия (айёнигардони)-и маълумоти кушода

Дар чорабинӣ иштироки зиёда аз 60 нафар мутахассисони ватанӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ахбори омма ба нақша гирифта шудааст.
Тренинги мазкур бо дастгирии молии ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва донори «Институти инъикосӣ ҷанг ва сулҳ»- Евросоюз гузаронида мешавад.

IMGS8429

Эта запись также доступна на: Russian