Open Data Initiative Tajikistan Menu

Permalink:

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо нашри як гузориш иттилоъ додааст, ки тайи як моҳи ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар 3,8 фоиз кам шудааст. Тибқи омори ин ниҳод ба ҳолати 12-уми январ соли 2016 теъдоди тоҷикистониён дар Русия 862 ҳазору 321 нафарро ташкил медиҳад.

Ин иттилорро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон моњи январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ тасдиқ намуда изҳор доштанд, ки соли гузашта аз ҷумҳурӣ 552 ҳазору 596 шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбати соли пеш 18% кам аст. Аз ин теъдод 541 ҳазору 636 нафар ба Русия сафар кардаанд.

Ба қавли Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сабаби кам шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия чанд омил дорад. Мавсуф мегӯяд, зиёда аз 90 дарсади муҳоҷирони мо бо Русия мераванд. Инчунин, дигар омил, ворид шудани тағйирот ба қонунгузории меҳнати ин кишвар ва зиёд гардидани хароҷоти будубоши муҳоҷири меҳнатӣ аз қабили пардохти пули патент ва дигар хароҷотҳо мебошад.

Сумангул Тағозода гуфта буд, ки сабаби дигар ворид шудани беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба рӯйхати сиёҳ ин кишвар мебошад. Яъне, сафари ин теъдод ба муҳлати 3, 5 то 10 сол манъ шудааст.

“Омили дигар ташкили зиёда аз 205 ҳазор ҷойи кори дар кишвар аст, ки қисме аз муҳоҷирини мо дар кишвар машғули кор буда, дигар хоҳиши ба Русия сафар карданро надоранд”- афзуд Тағозода.

Сардори раёсати муҳорати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Моёншоҳ Маҳмадбеков иброз дошт, ки ба омори то 1 январи соли 2016 шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Инҳо афродеанд, ки ба далели ихроҷ ё берун кардан имкони бозгашт ба Русияро барои 3-5 сол аз даст додаанд.

“Бино ба қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, мақомоти он кишвар ҳақ доранд, ҳар муҳоҷирро барои нақзи шароити кору иқомат дар Русия ва ҳатто барои 2 қонуншикании резае, чун насупурдани пули барқ ё телефон, ё рондани мошин бо суръати баланд, ихроҷ кунанд. Аксари тоҷикони аз Русия ихроҷшуда бо чунин қоидавайронкуниҳои хурду реза аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд, ки мо кушиш дорем вуруди онҳоро дубора барқарор созем”-афзуда буд Моёншоҳ Маҳмадбеков.

Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки бозгашти бештари муҳоҷирин ба Ватан ҳеҷ гуна таҳдиде ба амният ва иқтисоди кишвар надорад.

“Мо кӯшиш менамоем то онҳоро ба ҷойи кор таъмин созем ва ин гуна афрод низ барои пайдо кардани ҷойи кор бо мо бояд муроҷиат намоянд. Инчунин талош мекунем, афроде, ки ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русия ҳастанд, аз рӯйхати сиёҳи берун ё онҳоро дар Ватан ё дигар кишварҳо ба ҷойи кор таъмин намоем”-иброз дошт Тағозода.

Бонки умумиҷаҳонӣ гузориши ахири худро 6-уми ноябри соли 2015 дар Вашингтон нашр кард, ки гуфта мешуд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 4,8 дарсадро ташкил додааст. Ин нишондод дар соли 2014 ба 4,2% баробар будааст. Дар баробари ин гузоришгарон таъкид кардаанд, ки иқтисоди Русия дар соли ҷорӣ 0,7 дарсад коҳиш меёбад. Бо зикри пойбандии Тоҷикистон ба иқтисоди Русия, аз ҷумла маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштааст, ки буҳрони Русия ба Белоруссия, Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсир мерасонад. Тибқи гузориши ин ниҳоди молии умумиҷаҳонӣ иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2017 ва 2018 ба таври муътадил- 5,5% рушд хоҳад кард.

Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Аммо Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, дар тӯли соли 2015 аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ 552 596 нафар рафтаанд. Аз ин шумор 64 667 нафар занон буда, аксари муҳоҷирон – 541 ҳазор – ба Русия рафтаанд.

Мақола аз ҷониби гуруҳи ҷавонони фаъоли мактаби “Додаҳои кушода” омода шудааст.